- гов
- [گاو]1. чорпои шоху сумдори ширдеҳи маъруф, гав; аз гови шохзан оғили холӣ беҳ (зарб); гови дӯшоӣ // гови ҷӯшоӣ модагови ширдеҳ; гови Замин гови афсонавӣ, ки гӯё Замин дар шохҳои он, худи гов болои моҳӣ ва моҳӣ ба рӯи об қарор гирифта будааст; гови корӣ гове, ки бо он заминро шудгор мекунанд, барзагов, наргов2. қадаҳ, суроҳӣ, ҷом, зарфи шароб, ки ба шакли гов сохта шудааст; гови зарин ҷоми тиллоӣ, ки ба сурати гов сохта шудааст3. маҷ. паҳлавон, мубориз, далер4. маҷ. бузург, калон, мӯътабар5. маҷ. нодон, аблаҳ, аҳмақ◊ гови анбарзой (ё анбар) ҳайвони баҳрӣ, ки аз он анбар мегиранд; гови баҳрӣ (ё дарё) ниг. гови анбарзой; гови кӯҳӣ гавазн; гови нар дӯшидан кори беҳуда кардан; гов бар ганҷ рондан давлатманд ва тавонгар шудан, соҳиби сарват гардидан (ишора ба афсонае, ки деҳқоне дар вақти шудгор ганҷ ёфта будааст); гов дар хирман кардан касеро кори касеро помол кардан, расво кардан, кори касеро табоҳ сохтан; бурҷи Гов // бурҷи Савр ё Гови сипеҳр аз рӯи тақвими қадим номи бурҷи дуюм аз дувоздаҳ бурҷи фалакӣ; соли гов ниг. бақар
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.